Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Намояндаи Тунис дар озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръони маҷид ғолиб дониста шуд

16 октябр 2012, 11:43

Дар толори меҳмонхонаи «Космос»-и шаҳри Маскави Русия 13-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръони маҷид баргузор гардид.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин озмун намояндагони 34 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз Тоҷикистон дар озмуни мазкур ҳофизи ҷавони Қуръон Мифтоҳиддин Исломзода ширкат намудааст. Бино ба иттилои манбаъ, ин навбат озмун дар ду давр баргузор гардид, ки аъзои доварон (аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Малайзия, Федератсияи Русия, Ҷумхурии Туркия, Ҷумҳурии Яман) ба даври ниҳоӣ 7 нафар ҳофизони Қуръонро аз Арабистони Саудӣ, Кувайт, Миср, Тунис, Урдун, Штатҳои муттаҳидаи Амрико ва Яман сазовор донистанд: « Дар ин озмун Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия, президенти озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳори Масква иштирок доштанд».

Дар фарҷоми озмун намояндаи Тунис – Марзук Ҳуссем аз ҷониби доварон ғолиби озмун ва намояндагони Яману Кувайт сазовори ҷойҳои дуюму сеюм дониста шуданд.

Гуфта мешавад се сол пеш дар 10-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Масква намояндаи Тоҷикистон Сиратулло Рауфов барандаи озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон  шуда буд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!