Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Донишҷуёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро боздошт намуданд

17 октябр 2012, 09:39

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ҷурми авбошӣ як гурӯҳи ҷавононро боздошт намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бо ин иттиҳом, яъне авбошӣ Сулаймон Зафарови 19 сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипрозем, Самад Абдуллоеви 18 сола аз маҳаллаи Яккачинор, Манучеҳр Шарипови 21 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсӣ, Амирхудо Назрихуҷаеви  18 сола, ҷои истиқоиаташ кӯчаи Синои шаҳри Душанбе, ки донишҷӯёни бахши 2-юми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳастанд, дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон рӯзи 12-уми октябри соли равон, соати 13:00 дақиқа дар боғи фароғатии кӯчаи Мирзо Турсунзода аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

Нобаршудагон бо донишҷӯёни бахши 1-уми донишгоҳи мазкур Зафар Ҳумайнӣ, Умед Маҳмадуллоев, Далер Нозуков, Шоҳин Нуров, Шаҳриёр Тахмурас ва Алишер Набиев ҷанҷол намуда, якдигарро латукӯб кардаанд.

Феълан нисбати ин гурӯҳи донишҷӯён парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!