Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Теъдоди маризони равонӣ дар Тоҷикистон ба 44 ҳазор нафар расидааст

18 октябр 2012, 04:12

Дар шаҳри Душанбе Маркази фаврии таскини бемориҳои рӯҳӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, 17-уми октябр бо иштироки Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ ва Павел Урсу, роҳбари дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳри Душанбе, ҳуҷраи кӯмаки фаврии шабонарӯзии таскинӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин ҳуҷра табибони бемориҳои равонӣ ба таври шабонарӯзӣ ба мӯҳтоҷон кӯмак мерасонанд.  

Сарчашмаи хабар афзуд, теъдоди гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин мезанад, ки дар солҳои 2020-2030 теъдоди мубталоёни ин маризӣ ба ҷои аввал баромада, аз бемориҳои дилу саратон низ бештар хоҳад шуд. «Дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 44 ҳазор нафар мерасад, ки ҳар нафари онҳо на танҳо ба кӯмаки табибон ниёз доранд, балки ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии атрофиён низ эҳтиёҷманданд. Фаъол гаштани чунин як марказ, ки ниёзмандон тавонанд дар ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ ба табибони бемориҳои рӯҳӣ муроҷиат намуда, сари вақт маслиҳат гиранд, метавонад шарҳвандонро аз бисёр паёмадҳои номатлуби рӯҳафтодагӣ боз дорад»,-афзуд манбаъ.

Дар ин ҳуҷра телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 224 14 00,  378 81 77 57 шабонарӯзӣ фаъол буда, корафтодагон метавонанд дар ҳама вақти зарурӣ бо мутахассисон дар тамос бошанд.

-Рӯзҳои наздик ҷалби мутахассисони равоншинос низ ба ин машваратгоҳ дар назар аст. Маслиҳату машварат дар ин ҷо махфӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст,- афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!