Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Амалиёти «Нелегал -2012»: Беш аз 50 шаҳрванди хориҷа аз Тоҷикистон депорт шуд

19 октябр 2012, 09:23

«Нелегал -2012», таҳти чунин унвон кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар амалиёти махсусеро, ки давоми чанд рӯз роҳандозӣ намуда буданд, ба анҷом расид.

Абдуллоҳи Қодирӣ, сӯхангуи Хадамоти муҳоҷират дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон мақсад аз гузаронидани ин амалиётро ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилкунандагони он, мубориза бар зидди харду фурӯши одамон, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди  Тоҷикистон унвон намуд:

«Дар вақти гузаронидани марҳилаи дуюми амалиёт дар ҳудуди Тоҷикистон  8915 шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ  дар 1747 хонаи истиқоматӣ, 290 объектҳои сохтмонӣ, 689 объектҳои саноатӣ, 64 меҳмонхона, 2 хобгоҳ, 543 нуқтаи савдо (бозорҳо, марказҳои савдо, тарабхонаҳо) ва 380 ширкат, ки дар чунин ҷойҳо кору фаъолият ва зиндагӣ менамуданд, аз санҷиш гузаронида шуданд».

Абдуллоҳи Қодирӣ мегӯяд, дар марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал-2012» ҳамагӣ 117 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, дар марҳилаи дуюми амалиёт бошад 197 ҳолати қонунвайронкунии муҳоҷиратӣ, аз ҷумла182 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош  ва 14 ҳолати вайрон намудани тартиби фаъолияти меҳнатӣ дар Тоҷикистон  муайян карда шуд, ки нисбати ин  қонунвайронкунандагони хориҷӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо 125190 сомонӣ (26.277 доллари ИМА) ҷарима ситонида шуд:

-Дар марҳилаи дуюум аз ҷониби кормандони хадамот дар вақти гузаронидани  амалиёт нисбати 73 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон  тибқи талаботи моддаҳои 499,497,510 ва 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Тоҷикистон  протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 29 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Аз ҷумла 59 нафари онҳо барои дағалона вайрон намудани қойдаҳои буду бош дар Тоҷикистон  тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд, афзӯд манбаъ.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!