Вазорати тандурустии Афғонистон маълумотеро пахш намуд, ки тибқи он ҳамасола дар Афғонистон наздики 25 ҳазор нафар нобино мегардад, ки шумораи умумии нобиноҳо дар ин кишвар 400 ҳазор нафар ва ё 1,5 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти интишорнамудаи «Ариана ТВ» 90 фоизи онҳоро муолиҷа кардан мумкин аст.
Сабаби асосии нобинои дар Афғонистон ин норасоии витамини А ва сиёҳии гавҳараки чашм, норасоии анксорӣ, гулукум ва захмҳо мебошад. Тибқи омори расмӣ дар ин кишвар занҳо бештар аз мардҳо нобино мегарданд.
Бояд гуфт 26 гурӯҳи мутахасисони чамш дар ду соли охир 37 ҳазор беморро дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон қабул кардаанд.
Мӯҳр