Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:49

Хизмат

15 июн 2011, 06:19

Мансабдорон арбоби мардуманд ё мардум арбоби мансабдорон?

«Ман аз ибтидои фаъолиятам амри виҷдонро аз ҳама боло донистаам ва то он даме, ки дар ин вазифа кор мекунам, мекўшам ба боварии Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор бошам» - гуфтааст Абдуаҷаббор Раҳмонов. Пас аз ин суханҳо, бо таваҷҷўҳ ба инсони босавод будани вазири маориф, як бори дигар бовар ҳосил кардам, ки вазирону мансабдорони ҳукумат худро аз ҳукмату президент қарздор медонанду бас. Албатта таъкиди ин нуктаро зарур мешуморам, ки манзурам фақат шахси як вазир нест ва чун сухани гуфтаи ў сабабе барои навиштани ин сатрҳо ва андеша перомуни ҷойгоҳи вазирону мансабдорон гашт, номашро зикр кардаму бас! Ба ҳар сурат ба назар мерасад, ки вазирону мансабдорон мардумро ба як пули пучак намегиранд. Барои онҳо мардуме вуҷуд надорад, ки наздаш худро масъул бидонанд. Агар ҳукумат мардумӣ бошад ҳамаи ҳукуматдорон худро дар хизмат кардан ба мардум вазифадор медонистанд ва ризояти мардум аз фаъолияташонро маҳаку меъёри боқӣ мондани худ дар курсии мансаб медонистанд.
Боре чанд аз тариқи телевизион дар рў ба рўи раиси ҷумҳур ҳангоми ҳисобот додан ва ё посух гуфтан ба пурсиши  ў дасту по гум кардан, ҳатто ларзидани ангуштону паридани мушакҳои рухсори вазирону мансабдоронро дидаем. Шояд аз як назар ин амри табиист ва онҳо дар назди сарвари давлат эҳсоси масъулият мекунанд. Албатта ба тарзи хоси худашон. Вале ҳеч надидаву нашнидаем, ки дар назди мардум чунин эҳсоси масъулият карда бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар ҳукумат мардумсолор бошад, онҳо хоҷаву арбоби мардум нестанд, балки мардум аст, ки хоҷаву арбоби онҳост.
Эҳсоси масуълият накардан ва посухгў набудан дар назди мардум ҳамеша мансабдоронро аз мардум дур мекунад ва табиист, ки ин воқеият боиси қабули тасмимҳои дур аз воқеият мегардад. Ҳамеша тасмимҳо ва амалӣ шудани онҳост, ки ҷойгоҳи мансабдорону ҳукуматро дар байни мардум муайян мекунад. Яъне, агар он тасмим мардумисту ба мардум писанд ояд,  маҳбубияти мансабдорону ҳукуматро меафзояд ва дар сурати акс боиси афзудани норизоияти мардум мегардад.

Як нуктаи дигар низ ҷои таъкид дорад. Ҳамеша аз берун ҷустани нерўе, ки ба осоиши ҳукумат халал мерасонад, кори хомест. Агар дар дохил такягоҳе надошта бошад ҳеч нерўи беруна наметавонад коре ба сомон расонад.   

Дар воқеъ, мисоли равшану амалии ин дидгоҳ таҷрибаи 30-солаи ҳукумат пас аз пирўзии Инқилоб дар Эрон аст. Сўҳбат сари низом ва шакли идора нест. Манзурам ҷойгоҳи ҳукумат дар миёни мардум ва худро мардумӣ нишон дода тавонистани ҳукуматдорон аст. Шояд чанд дар сад мардум таври мисол ба гаштаву баргашта «мо ходими мардумем» гуфтани Маҳмуди Аҳмадинажод бовар накунанд. Вале метавон бо бовари комил гуфт, ки аксарият ба ходими мардум будани ҳукумат бовар ҳосил кардаанд.

Шояд тарроҳони идеологии ҳукумати мо бар ин боваранд, ки набояд мансабдорон худро ходими мардум, балки махдуми он бидонанд. Албатта ин гуна тарҳ ва сиёсатгузорӣ дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳон зиёд буда ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Вале як нуктаи муҳим он аст, ки онро ба ҳеч ваҷҳ таҷрибаи муваффақ намешавад номид ва гузашта аз он камтарин кумак ба бақои ҳукуматҳо дошта.  

Ба ҳар сурат ин ҳақиқат бе баҳс ба назар мерасад, ки фақат дар ҳолати таъинкунандаи мансабдорон ва омили бақои онҳо дар сари қудрат будани мардум боиси аз мардум худро мадюн шинохтани мансабдорон хоҳад шуд. Вақте интихоботҳо шаффоф бошад, яъне на таъинот, балки интихобот сурат гирад, он ҳангом ҷойгоҳи мардум дар фазои сиёсӣ боло хоҳад рафт. То замоне, ки мансабдорони калидӣ, мисли вазирону ҷонишинҳои онҳо на интихоб, балки таъин мегарданд ва дар ин амр мардум ҳеч нақше надорад, табиист, ки шахси ба мансабрасида худро мадюни таъинкунандааш медонад. Қисса кутоҳ, ин ҳолат ба назари ман як тазодро ба миён оварда. Аз як сў давлатмардони мо иддаои ҳукумати мардумсолор ё демократӣ доранд, аз сўи дигар чун мардум дар сарнавишти мансабдорон нақши калидӣ надоранд,  арзише ба назари мардум қоил нестанду назди ў худро ҷавобгў намедонанд. Ё шумо назари дигар доред?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!