Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Нархи гӯшти гӯсфанд боз боло рафт

19 октябр 2012, 11:27

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши маҳcулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшти гӯсфанд мушоҳида мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, агар як киллои он моҳи октябри соли 2011-ум дар бозорҳои пойтахт 27 сомониро ташкил медод, дар ҳоли ҳозир бино ба омори расмӣ ба 33 сомонию 15 дирам баробар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як килло гӯшти гӯсфандро аз нуқтаҳои савдо бо арзишӣ 30 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон»-у «Шохмансур» мушоҳида мешавад. Як килло гӯшти гӯсфандро ин ҷо 34 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Ин дар ҳолест, ки дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои  «Саховат» 33 ва бозори «Варзоб» 32 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст».

Болоравии нархи гӯшт дар ҳоле ба назар мерасад, ки тибқи хабарҳои оморӣ давоми 9 моҳи ҳамин сол дар кишвар саршумори бузу гӯсфанд аз 4 миллону 577 ҳазору 66 сари дар соли 2011 буда, ба 4 миллону  782 ҳазору 430 сар афзоиш ёфтааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дахмарда

  • 18 январ 2016 22:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи танхо нархи махсулоти дехкона ба назар мегирен.Нархи шакару орду равган хам боло рафтаст барои чи инро намегуенд.Бечораи дехкон ба ивази як буз е гусфанд як халта орд гирад Шумо хаминро мехохенд???

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!