Бахшҳо

Тоҷикистон беш аз 9 миллион доллар дарёфт мекунад

Сюзан Эллиотт, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ва Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовар зери созишномае имзо гузоштанд, ки дар асоси он ҳукумати Амрико барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.

Аз Шӯъбаи робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Душанбе ба Озодагон гуфтанд, ки ин маблағ ҳамчунин барои ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия нигаронида шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, кӯмаки молиявии ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон  ва дастгирӣ намудани барномаи фарогири ислоҳоти соҳаи милиса бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории мақомоти ВКД бо ҷомеа ва баргузор намудани омӯзиш барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода мешавад. Қисме аз ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона хоҳад шуд.  

«Ҳукумати ИМА маблағи иловагии як миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади  дастгирӣ намудани имкониятҳои АНМН ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон ҷудо хоҳад кард. Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб ба CACI дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома, ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор, таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникиро пешбинӣ кардааст»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)