Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Арзиши бодиринг ҳам дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

22 октябр 2012, 10:51

Давоми як соли охир арзиши маҳсулоти сабзавот, аз ҷумла бодиринг дар бозорҳои пойтахт 35 дарсад боло рафтааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна нархи як килло бодиринг 3 сомонию 75 дирамро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта як килло бодиринг дар бозорҳои Душанбе 2 сомонию 50 дирам фурӯхта мешуд.

Манбаъ илова намуд, ки аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори «Шохмансур»  мушоҳида шуд, ки нархи як киллои он 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: « Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии  бозорҳои  «Варзоб» 3 сомонию 50 дирам,  бозори «Деҳқон» ба 4 сомонӣ баробар мебошад».

Гуфта мешавад, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Саховат» мушоҳида карда шуд, ки як килло бодиринг  4 сомонию 50 дирамро ташкил медод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!