Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 март 2017, 22:27

Генерал Фрейзер ба Душанбе омад

22 октябр 2012, 11:08

Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, шоми 21-уми октябр бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Тибқи хабарҳои расида вай бо Шералишо Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон,  масоили таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ намудааст. Дар дидор бо Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа баҳс кардаанд.

Ин сафари севуми генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аст. Вай моҳҳои феврал ва майи соли равон низ аз Тоҷикистон боздид карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!