Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Коркарди беш аз 75 ҳазор тонна нахи пахта дар Тоҷикистон

23 октябр 2012, 04:14

Аз ҷониби корхонаҳои ресандагии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон беш аз 75 ҳазору 11 тонна нахи пахта коркард шудааст.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1689,5 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 129%-ро ташкил медиҳад: « Дар ин муддат, истеҳсоли риштаи пахтагин 6384,9 тоннаро дар бар гирифта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1434,1 тонна зиёд мебошад».

Бояд зикр намуд, соли 2011-ум дар Тоҷикистон 103 ҳазору 465 тонна пахта истеҳсол гардида буд, ки ҳамагӣ 2146 тоннаи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ коркард шудаасту халос, ки бештар аз ду дарсади ҳаҷми умумии пахтаи истеҳсолшуда мебошад.

Бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ иҷроиши «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015»- ро суст арзёбӣ намуда, коркарди пурраи нахи пахтаро дар дохили кишвар баъди соли 2015 зери сувол мебаранд.








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!