Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:31

Боздошти як журналист дар шимоли Тоҷикистон

15 июн 2011, 06:39

Боз як узви ҳизби фаъолияташ мамнуъшуда боздошт гардид. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохила зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, рӯзи 14- уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14.00 дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса аъзои ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир», хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо боздошт карданд. Мавсуф сокини ҷамоати Исфисор, кӯчаи Санъат, хонаи 17 буда, аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил шуда, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!