Роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иттифоқи касаба дар арафаи Иди Қурбон ба кормандони соҳаи авиатсия кӯмаки моддӣ расониданд.
Муҳамадюсуф Шодиев, котиби матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, ки ба ҳар корманди фурудгоҳ 50 килло пиёз, 50 килло картошка ва 5 литр равғани пахта дода шуд.
Муҳаммадҷон Хушвахтов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба иброз намудааст, ки ҳамасола барои дастгирии моддии кормандон роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе кори некеро анҷом медиҳад. Ба гуфтаи номбурда, cоли гузашта низ ба кормандон ҳамин гуна кӯмак расонида шуд: «Роҳбарият ва Кумитаи иттифоқи касабаи фурудгоҳ пайваста ба барҷомондагону эҳтиёҷмандон, тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаҳои ятимон кӯмак менамоянд. Чанде пеш фурудгоҳ тарбиягирандагон ва кормандони хона-интернати ноҳияи Тавилдараро бо либос таъмин кард. Албатта кӯмаки навбатӣ дар арафаи Иди Қурбон ҳар як корманд ва хонаводаи онҳоро шод мегардонад».
Бояд зикр намуд, рузи чумъа- 26-уми октябр дарТочикистон Иди Курбон чашн гирифта мешавад.
Мӯҳр