Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Вероника Скворсова: Хатарноктарин гурӯҳ дар истеъмоли мухаддирот наврасон мебошанд

24 октябр 2012, 04:49

Дар Русия наздик ба 18 миллион нафар ҳаддиақал як маротиба маводи мухаддир истеъмол кардаанд.

Дар ин бора Виктор Иванов, сарвари Хадамоти Федералии назорати маводи мухаддири ин кишвар дар як нишасти матбуотӣ хабар дод. Ҳамзамон тавсия дод, ки ҳеҷ гоҳ аз ин гуна моддаҳо истифода накунанд, чун оқибати хуб надорад.

Дар ҳамин ҳол вазири тандурустии Федератсияи Русия Вероника Скворсова гуфтааст, ки хатарноктарин гурӯҳ дар истеъмоли мухаддирот наврасон мебошанд. Вале ба гуфтаи ӯ теъдоди бачаҳои ноболиғи гирифтор ба нашъамандӣ коҳиш ёфтааст, ҳарчанд ки афзоиши он аз ҳисоби синну соли дигар ба мушоҳида мерасад.

Ҳар сол барои ҳуқуқвайронкуниҳои мухаддиротӣ наздик ба 500 ҳазор нафар дар сар то сари Русия ҷазо дода мешаванд. Қариб 150 ҳазор нафар табаҳкорон амалан аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум мегарданд ва зиёда 113 ҳазор нафари дигар шартан маҳкум мешаванд. Ҳамзамон бо ин назик ба 200 ҳазор нафари дигарро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд.

Виктор Иванов аз мушкилот бо қонун дар баррасии додгоҳии гумонбар ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ ёд карда, иброз намудааст, ки қонунгузорӣ бояд қочоқчиро водор созад, ки қонунӣ будани сармояҳои худро исбот намояд: «Айни замон аз мафияи маводи мухаддир танҳо он молеро метавон мусодира намуд, ки тафтишот дар бораи аз ҳисоби фоидаи ҷиноӣ ба даст омаданаш маълумот дорад. Аммо дар Ғарб низом дигаргуна аст. Гумонбаронро  водор мекунанд, ки худашон қонунӣ будан ё набудани сармояи худро собит кунанд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!