Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Президент сармураббии дастаи футболро сабукдӯш кард

15 июн 2011, 07:24

Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон  сарвари тими «Терек»-и Грознийро аз вазифа сабукдӯш кард.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, Рууд Гуллит собиқ бозигари дастаи яккачини Ҳолланд ва қаҳрамони аврупову беҳтарин футболбози дунё дар симмати сармурабии тими «Терек» ҳамагӣ чор моҳ фаъолият кард. Қаблан ӯ мураббии тимҳои маъруфи  «Челсӣ» ва «Нюкасл»-у «Фейенорд»  низ буд.
Гуфта мешавад, Гуллит баъди бохти навбатии «Терек»  дар бозие, ки ӯ мегуфт, бояд ҳатман бурда шавад, ба далели натиҷаҳои начандон хуби тимаш дар мусобиқоти лигаи олии футболи Русия сабукдӯш карда шуд. Ин бозӣ миёни дастаҳои лигаи олии Русия- “Терек” ва «Амкар»-и Перм сурат гирифта, дар дақиқаи охирин ба бохти чеченҳо ба анҷом расид. Ҳисоби ин сабқат 0-1, ба нафъи пермиҳо ба охир расид.Ҳамин тавр, тими «Терек» дар байни 16 дастаи лигаи олӣ дар ҷойи «хавфнок»-и 14-ум қарор гирифтааст.
Маврид ба ёдоварист, сармураббии тими «Амкар»-ро нимҳимоягари собиқ ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе Рашид Раҳимов ба ӯҳда дорад.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!