Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

Амрико бидуни миёнрав бо Эрон гуфтушунид мекунад?

24 октябр 2012, 09:51

Иёлоти муттаҳидаи Амрико омодааст имкони гуфтушуниди бидуни миёнарав бо Эронро баррасӣ намояд, аммо то ҳол ҳеҷгуна созишнома дар ин хусус вуҷуд надорад.

Дар ин хусус  хабаргузории ИТАР ТАСС бо истинод аз Ҷей Карни, котиби матбуотии Қасри сафед, ки бори дигар хабари "Ню-Ёрк таймс"-ро рад намуд, хабар медиҳад.

Рӯзномаи "Ню-Ёрк таймс" хабар додааст, ки Вашингтон ва Теҳрон дар хусуси гуфтушуниди дуҷониба дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба созиш омадаанд. Гуфта шудааст, ки дастгоҳи Обама барои ин гуфтушунид заминаи лозимаро фароҳам оварда аст.

Дар рӯзномаи мазкур дарҷ гаштааст, ки ин гуфтушунид метавонад қадами охирин барои дурӣ аз зарбаи ҳарбии имконпазир ба Эрон бошад.

Вале ба қавли Ҷей Карни то ҳол дастгоҳи Қасри сафед чизе дар ин хусус ба нақша нагирифтааст ва ҳеҷ гуна созишнома дар ин хусус бо Эрон вуҷуд надорад.

Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳиди Амрико низ зимни як сӯҳбаташ қайд намудааст, ки маълумоти дар ин рӯзнома чопшуда ҳақиқат надорад.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!