Рӯзҳои 31-уми октябр ва 1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини юнонӣ-румӣ миёни наврасони 17-19 сола доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур, ки аз рӯи вазнҳои 42 кг, 46 кг, 50 кг, 54 кг, 58 кг, 63 кг, 69 кг, 76 кг, 85 кг ва 100 кг сурат мегирад, ширкати ҳайати дастаҳои вилояти Суғд (2 ҳайат), Хатлон (2 ҳайат), шаҳри Душанбе (2 ҳайат) ва шаҳри Кӯлоб дар назар аст.
Ғолибони ин мусобиқа бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.
Мӯҳр