Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Вазир ду корманди ВКД-ро барои хамдастӣ бо чинояткорон аз вазифа озод кард

24 октябр 2012, 11:39

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохила зимни як ҷаласаи вижа дар Раёсати ВКД-и ВМКБ , ду нафар кормандони шӯъбаи ВКД-ро дар ноҳияи Мурғоб аз ваколатдори оперативии корҳои дохилӣ озод кард.

Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангуи вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки Рамазон Раҳимов ин ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, Асалбек Боронбоев капитани милитсия,  ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, ва Маҳкам Лашкаров, подполковники милитсия, сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноиро бинобар сабаби  бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ алоқамандӣ доштанашон аз вазифа озод намудааст.

Манбаъ илова намуд, ки дар ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ ва риояи интизоми хизматӣ  баррасӣ  шуд: «Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ  зоҳир намудан ба масъулияти базимадошта,  7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фирдавс

  • 23 декабр 2014 21:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман мехохам дар макомоти корхои дохила кор кунам ба хайси радавой

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!