Имрӯз дар шаҳри Маскав даври ниҳоии сабқати байналмиллалӣ оид ба муҳорибаи комплексӣ миёни кормандони бахшҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратии кишварҳои СПАД баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа гурӯҳи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ намояндагӣ мекунад. Сабқати мазкур зери шиори «Гурӯҳи таъиноти махсус зидди терроризм ва хатари маводи мухаддир» ҷараён мегирад.
Дар мусобиқот беш аз 140 нафар аз сохторҳои қудратии кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ иштирок доранд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои меҳмон аз Ветнам, Лаҳистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр