Бахшҳо

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Таиланд

Намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба Созишномаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба чораҳои санитарӣ-фитосанитарӣ (СФС) ва монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) дахл дорад, ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият ва таҷрибаи ниҳодҳои марбут ба СФС ва ТБТ-и Таиланд аз 26-уми октябр то 4-уми ноябри соли равон аз ин кишвар боздид мекунанд.


Аз дафтари намояндагии Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки намояндагони ниҳоди миллии огоҳсозӣ (НМО) ва Марказҳои миллии иттилоотӣ (ММИ) оид ба ТБТ ва СФС, Иттиҳоди соҳибкорон ва содиркунандаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин, мушовирони миллии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар ҷараёни сафари худ бо фаъолиятҳои кунунӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва роҳҳои мудирияти НМО ва ММИ дар Таиланд шинос хоҳанд шуд: « Дар назар аст ҳайъати Тоҷикистон, ки аз 7 нафар, аз ҷумла, корманди лоиҳаи МБТ иборат аст, ҳамчунин, бо фаъолият ва таҷрибаи бахши хусусии Таиланд, ки ба интишори маълумот оид ба стандартҳои феълӣ ва пешниҳодӣ, қоидаҳои техникӣ, тартиби баҳогузории мутобиқат ва чораҳои СФС машғуланд, шиноос шаванд».

Гуфта мешавад ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шудааст.

Шиям Кумар Гуҷадур, мушовири байнулмилалии МБТ оид ба ТБТ ва СФС, мегӯяд, ҳадаф аз ин сафари омӯзишӣ беҳтар намудани самаранокии фаъолиятҳои НМО ва ММИ-и Тоҷикистон оид ба ТБТ ва СФС, ҳамзамон, рушди тавоноии ширкатҳои хусусӣ, ки бо ин ниҳодҳо ҳамкорӣ мекунанд, мебошад. Номбурда мегӯяд, муштаракан ин ҳама ниҳоду созмонҳо масъулиятҳои худро дар қиболи таъмини шаффофияти Созишномаи СҶТ оид ба ТБТ ва СФС иҷро бикунанд.

Ба қавли Кумар Гуҷадур ҳайъат аз Пажӯҳишгоҳи стандартҳои саноатии Таиланд, Дафтари миллии стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва меъёрҳои хӯрокворӣ,  ширкатҳои хусусӣ, ки ба интишори маълумот оид ба меъёрҳои феълӣ ва пешниҳодӣ, қоидаҳои техникӣ, тартиби баҳогузории мутобиқат ва чораҳои СФС машғуланд, боздид мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Гуҷадур, сабаби интихоби Таиланд дар он аст, ки НМО ва ММИ-и ин кишвар фаъолиятҳои худро пурра ба роҳ мондаанд, таҷрибаи мизбонии чунин давраҳои омӯзиширо доранд ва сохтори онҳо ҳамчун як намунаи хуб метавонад мавриди истифода қарор бигирад: «Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мақомоти Таиландӣ ба меҳмонон аз Тоҷикистон фаъолиятҳои ҳаррӯзаи худро нишон ва шарҳ хоҳанд дод, аз он ҷумла, чӣ гуна бояд огоҳ намуд, чӣ гуна бояд огоҳиномаҳои кишварҳои дигари узви СҶТ-ро пайгирӣ намуд, ба дархостҳо чӣ гуна бояд посух дод, мукотиба ва пешбурди фаъолиятҳои худро чӣ гуна бояд ба роҳ монд».

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)