Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 10:59

Ҳамойиши зидди шиканҷа дар Женева. Тоҷикистон низ ширкат мекунад

29 октябр 2012, 04:45

Имрӯз, 29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин ҳамойиш ҷониби Тоҷикистон низ ширкат ва гузориш мекунад.Намояндагони ҷумҳурии мо бояд ба чанд суоли ҳозирин ва дар мавриди он ки дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону боздоштшудагон чӣ корҳоеро анҷом додааст, ҷавоб бигӯяд. Маврид ба тазаккур аст, ки  Тоҷикистон дар баробари 8 кишвари дигар дар бораи талошҳояш барои қатъи шиканҷа гузориш хоҳад дод. Навбати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр мерасад. Аз ҷумлаи онҳое ки барои посух додан ба суолҳои намояндагони Созмони Милал ба Женева меоянд,Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, Зафар Азизов, раиси Шӯрои Адлия ва Нурулло Орипов, муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳастанд.

Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар матбуоти Тоҷикистон масъалаи зулму шиканҷа ба зиндониёну боздоштшудагон тақрибан ҳар ҳафта баррасӣ мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Созмони Милал низ гуфтаанд, ки маъмурони интизомӣ зимни тафтиши қазияе, барои ҳосил кардани эътироф ба гуноҳе, аксар вақт боздоштшудагонро азобу шиканҷа медиҳанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!