Бахшҳо

ВКД: Рабудани кӯдакон барои гирифтани узви бадан овозаи бе асос аст

Тайи як ҳафтаи ахир миёни сокинони кишвар ҳангомаву овозаҳои зиёде дар бораи рабудани кӯдакон барои гирифтани узви бадани  онҳо паҳн гардид.

Вазорати корҳои дохила иттилоъ медиҳад, ки як чунин ҳодиса (гум шудани кӯдак) дар ноҳияи Ҳисор  ба қайд гирифта шуда буд, аммо овоза асос надорад. Маврид ба тазаккур аст, ки дар санаи  9-уми октябри соли равон ба шӯъбаи   корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳисор аризаи шаҳрванд Зубайдулло Ҳусейнов, сокини ҷамоати деҳоти Алмосии ҳамин ноҳия ворид гардид, ки писари хурдсолаш Шаҳриёр Ҳусейнови 4-сола, бедарак гум шудааст.

Манбаъ афзуд, ки вобаста ба ин парвандаи ҷустуҷӯӣ боз карда шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз карда шуданд ва тамоми фарзияҳо, маконҳои эҳтимолии рафтан ва ё мавҷуд будани ин ноболиғ мавриди санҷиш қарор дода шуданд: «Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса аз рӯи ҳадсу гумонҳои беасос, ки гӯё Шаҳриёрро шахсони номаълум ба мошини сиёҳшиша савор намуда, ба ҷониби номаълум бурдаанд дар аксари расонаҳои хабарии кишвар маводҳо дарҷ гардиданд, ки ин боиси дар миёни мардум паҳн гардидани ҳангомаву овозаҳои зиёде дар бораи рабудани кӯдакон барои гирифтани узви бадани онҳо  гардид».

Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 27-уми октябри соли равон тахминан соати 15.00-дақиқа, аз соҳили дарёи «Хонакоҳ», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Тутакаи ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор, ҷасади ноболиғ Шаҳриёр Ҳусейнов бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд, ки ноболиғ бинобар беназоратии падару модар ва наздиконаш ба дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)