Бахшҳо

«Рӯзи сиёҳи Кашмир» дар Душанбе

Таҳти чунин унвон имрӯз дар сафорати  ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон ҳамоиш  баргузор гардид.

Амҷад Ҳусайн Бсиал, сафири Покистон дар Тоҷикистон зимни баромадаш дар ин чорабинӣ иброз намуд, ки мақсад аз баргузории ин нишаст, ёдоварӣ кардан аз ҳоли табоҳи мардуми Кашмир  буда, ҳамасола аз ин ҷашнвора 27-уми октябр таҷлил карда мешуд, вале имсол аз сабаби рост омадани Иди Қурбон ба ин сана баргузории чорабинӣ ба таъхир гузошта шуд.Номбурда қайд намуд, ки ҳарчанд давлати Ҳиндустон борҳо ҷиҳати ҳалли масъалаи Кашмир ва зиндагии оромонаи мардуми ин минтақа аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳо ҳар гуна ваъдаҳо додааст, вале имрӯз баръакс, зидди ваъдаҳои худ амал менамояд: «Мардуми Кашмир таҳти назорати бисёр сахти қувваҳои мусаллаҳи Ҳиндустон ҳастанд. Соли 2009 бародарони кашмирии мо хостанд масъалаи Кашмирро бо роҳи осоишта ҳал намоянд, вале Ҳиндустон нагузошт, ки чунин шавад.

То ҳол мо боре нагуфтаем, ки Кашмирро гирифтан мехоҳем. Мо сулҳро дар ин минтақа мехоҳем. Бубинед 65% мардуми Кашмир мусулмонанд. Бигузор, худи мардум интихоб кунанд,ки Кашмир ба Ҳиндустон дохил карда шавад ва ё Покистон».

Амҷад Ҳусайн Бсиал илова кард, ки бисёр мехоҳад Амрико, СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ ҳамчун миёнрав ба масъалаи Кашмир мусоидат намоянд.

Ба қавли ӯ, то агар мардуми Кашмир рӯзи осоиштаро набинанду сулҳро ба даст наоранд, минтақаро осоишта тасаввур кардан номумкин аст.Сафири Покистон дар
Тоҷикистон мегӯяд, ба таърих назар афканем кашмириён ба тоҷикистониён наздикиҳои зиёде доранд.

Бино ба иттилои Амҷад Ҳусайн Бсиал дар Кашмир нафарони кушташуда 93 ҳазору 579, занони ҷабрдида 10 ҳазор, занони бешавҳар беш аз 22 ҳазорро  ташкил медиҳад.  




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)