Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:45

Ҳалокати се нафар аз як хонавода. Дар шаҳраки Роғун

30 октябр 2012, 04:28

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, 5 нафар ба ҳалокат расида, 6  тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ин бора ба Озодагон Муҳаммадшариф Шамсов, корманди Хадамоти матбуотии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соати 9-30-и рӯзи гузашта, дар шаҳраки Роғун автомашинаи тамғаи «Опел астра», таҳти идораи ронанда Маҳмадулло Қурбонови 38-сола ( дар километри 79-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт)  ба ҷарии 80 метр ба ҷарӣ сарозер мешавад. Дар натиҷа мусофирони нақлиёт Озодаи Шералии 44-сола ва Қарабоев Файзалии 51- сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда бошад ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи Оби гарм интиқол ёфтан ба ҳалокат мерасад.

Бояд тазаккур дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 1136 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда 371 нафар ба ҳалокат расида, 1271 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!