Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Президент аз вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд қаноатманд аст

30 октябр 2012, 06:11

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нимаи дуюми рӯзи гузашта бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ медиҳад, дар нишасти мазкур натоиҷи  рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Президент аз рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба таъмини вусъати бештари корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.Аз ҷумла зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,8 фоизро ташкил дод ва қисми даромади буҷети вилоят дар ин давра ба андозаи беш аз 111 фоиз иҷро шудааст.

Ҳамзамон, дар баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 ва 9 моҳи соли равон бунёд ёфтани 153 корхонаи нави саноатиро бо 4 ҳазор ҷойи корӣ нокифоя номида, таъкид дошт, ки аз имкониятҳои фаровони вилоят дар ин самт боз ҳам васеъ бояд истифода намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!