Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 23:47

Тафтиши қазияи Шӯрообод идома дорад. Дар КДАМ

30 октябр 2012, 09:50

Нимаи рӯзи якшанбеи 28-уми октябр як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон ба рустои Давлатободи ноҳияи Шуробод расида, аз мавзеи боғзори ҳамин русто як сокини маҳаллиро гаравгон гирифтаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон ва бо такя ба далелҳои масъулини ҳукумати Шӯрообод, дар нимароҳ, ҳангоме ки афғонҳо ҷониби марз  мерафтанд, ҷавони тоҷик бо истифода аз фурсати кӯтоҳ, автомати яке аз афғонҳоро рабуда, ба сӯяшон тир мепарронад. Дар натиҷаи як оташкӯшоии кӯтоҳ, 3 тан аз гаравгонгирони афғон ба ҳалокат расида, дигар қочоқчиён фирор мекунанд.  

Дар ҳамин ҳол, ному насаби ин сокини маҳаллӣ ифшо намешавад. Ба қавли манбаъи хабар алъон ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия мавриди пурсиш қарор дорад: «Аммо дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ба саволи телефонии Озодагон гуфтанд, ки ӯро барои пурсиш ва рӯшанӣ андохтан ба ҳолати ҳодиса ба  Кумитаи амнияти миллӣ интиқол додаанд».      

Маврид ба ёдоварист, Шӯрообод ноҳияест дар сарҳади давлати исломии Афғонистон ва ҳамасола қочоқчиёни афғон хати марзро шикаста, кӯшиши интиқоли маводи нашъадорро мекунанд. Далелҳое ҷой доранд, ки дар хати марз даҳҳо ҳолати муқобилияти ҷангӣ аз ҷониби сарҳадшиканони аҷнабӣ бо марзбонони тоҷик ба вуқӯъ омада, инчунин тайи чанд соли ахир ба гарав бурлани шаҳрвандони тоҷик  аз ҷониби афғонҳо низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.  Вале барои нахустин маротиба аст, ки гаравгон чанд гаравгонгирро ба ҳалокат расонида, худ аз «асорат» раҳоӣ ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!