Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 23:50

7 миллион доллар. Барои таъмири роҳҳои Кӯлоб

30 октябр 2012, 11:08

Дар ҳамоҳангии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва вазорати тиҷорати давлати мардумии Чин роҳҳои шаҳри Кӯлоб аз нав бунёд хоҳанд шуд.

Дар ин бора Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи мири шаҳри Кӯлоб ба Озодагон иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, таъмиру тармим ва бунёди роҳҳои шаҳри Кӯлоб тибқи барномаи махсус сурат гирифта, барои анҷоми он 7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Айни замон мутахасиссини Институти лоиҳакашӣ-таҳқиқотии роҳи сеюми оҳани ҷамъияти саҳомии «Групп»-и Чин  дар Кӯлоб  таҳқиқи роҳҳоро анҷом медиҳанд.

Зимнан, Озодӣ Ҳасанов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар робита ба ин гуфт, дар маҷмӯъ бештар аз 40 км роҳҳои 22 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб барои азнавсозӣ пешниҳод гаштаанд. Ҳамасола аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмири ҷорӣ ва пурраи роҳҳои нақлётгарди шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо мешавад, аммо барои таъмири пурра ва азнавсозии роҳҳо ин маблағ басанда нест.

Бояд гуфт, дар қаламрави шаҳри Кӯлоб 51 км роҳҳои мошингард мавҷуд аст, ки бештари он ба таъмир ниёз доранд. Қарор аст, барои корҳои лоиҳакашӣ мутахасисини чинӣ ҷалб шаванд, аммо барои анҷоми корҳои сохтмонӣ қувваи кории маҳаллӣ истифода хоҳад шуд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!