Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Рустам Назаров Сюзан Эллиотро бо вазъи мухадирот дар Тоҷикистон шинос намуд

31 октябр 2012, 04:45

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти  Сюзан Эллиот, сафири тозатаъини Амрико дар Тоҷикистон бо Рустам Назаров, директори агнтии мазкур баргузор гардид.

Бобоҷон Шафиев, сӯхангуи ин агентӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷараёни вохӯрӣ Рустам Назаров хонум Сюзан Эллиотро  бо вазъи кунунии мухаддирот дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир, ташкили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳамкорон аз дигар мамлакатҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд: «Рустам Назаров  ҳамчунин дар бораи фаъолияти агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл кард».

Сюзан Эллиот дар навбати худ ба таҷрибаи бузурги мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа таъкид кард.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои самаранок миёни  Тоҷикистон ва ИМА дар самти мубориза бо мухаддирот изҳори умед карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!