Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Писари Саидмуъмин Раҳимов ба курсии Носир Бозоров нишаст

31 октябр 2012, 11:15

Саидаҳтам Раҳимов, писари қаҳрамони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов ба мақоми сармурабии тими мунтахаби кишвар оид ба ҷудо таъин гардид.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи милли олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани Носир Бозоров, собиқ сармурабии тими мунтахаби кишвар оид ба ҷудо, бо қарори Кумитаи иҷрояи Федератсияи ҷудои кишвар дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Саидаҳтам Раҳимов  ӯро дар ин вазифа иваз намуд.

Саидаҳтам Раҳимов, иштирокчии Бозиҳои олимпии тобистонаи ИМА дар соли 1996, 2-карат барандаи ҷоми ҷаҳон оид ба самбо-1996-1998, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо байни давлатҳои хурд, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар Панама оид ба самбо, барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба ҷудо, чемпиони Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба ҷудо, устоди хизматнишондодаи ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки Парвиз Собиров бошад ба ҳайси мураббии тими мунтахаб оид ба ҷудо таъин гардидааст.    





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 5 ноябр 2013 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
inho kahramononi dunyoand.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!