Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Чаро хатсайри Душанбе-Исломобод қатъ гардид?

31 октябр 2012, 11:38

Дар назар аст рӯзҳои наздик хатсайри ҳавоии Душанбе-Исломобод, ки чанд вақт боз аз фаъолият боз мондааст, дубора барқарор шавад.

Бино ба иттилои Амҷад Ҳусайн Бсиал, сафири Покистон дар Тоҷикистон қатъ гардидани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод ду  омил дорад, ки он ба ширкати «Тоҷик эйр», ки хизамтрасониҳоро дар ин хатсайр бар дӯш дорад, вобаста аст.

Ҷаноби сафир омили якумро дар набудани рекламаи хуб ҷиҳати ҷалби муштариён ва омили дувумро дар мавҷуд набудани тайёраи хуб дар ин хатсайр  унвон намуд: « Тайёраи кушод, хуб надоранд, ки мардум моли худро бурда ва оварда тавонанд».

Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик эйр», дар сӯҳбат ба Озодагон қатъ гардидани хатсайри мазкурро тасдиқ намуд ва сабаби онро набудани мусофирон ҳисобид: «Он қадар хоҳишмандон нестанд барои парвоз ба шаҳри Исломобод. Як қатор камбудиҳо мавҷуданд ва ояндаи наздик дар сурати пайдо шудани талабот хатсайр боз ба роҳ монда мешавад».

Номбурда мегӯяд, баъди роҳандозии ин хатсайр тариқи ВАО хабар дода буданд ва дар хатсайри Душанбе-Исломобод ҳавопаймои навъи «Боинг» истифода мешуд, ки набояд дар интиқоли моли мусофирон монеае эҷод шуда бошад.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон гуфт, мушкилот дар интиқоли мол аз Покиситон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад ва илова намуд, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри Душанбе-Исломоборо дар гутфтушӯнид бо масъулини тоҷик ояндаи наздик ҳал хоҳанд кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!