Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:20

Роберт Смит: Ҳамеша орзуи дар Тоҷикистон кор карданро доштам

31 октябр 2012, 12:06

Имрӯз 31-уми октябр, Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН бо сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Роберт Орд Смит мулоқот кард.

Тавре аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, Зуҳуров дипломати бритониро барои ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали таъин шудани шумо ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон дар муносиботи Душанбе ва Лондон дигаргунии ҷиддӣ ба назар мерасад. Ба гуфти райиси МН, Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи 20-солаи дипломатӣ доранд ва дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.  

Манбаъ афзуд, Зуҳуров дар ҷараёни мулоқот ба масоили марбути қонун ва қонунофарӣ дар Тоҷикистон дахл карда гуфт, парлумони касбии мамлакати мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад .Зикр гардид, ки Душанбе метавонад бо Лондон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетика, таъсиси корхонаҳои гуногуни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳоро   барои ҳарду ҷониб ба роҳ монад.   

Ҳамзамон, Роберт Орд Смит таъкид намуд, ки таъин гардидани вай ба ҳайси сафир Тоҷикистон орзуи деринаи ӯ буд. Дипломати Британиягӣ иброз дошт: «Ман дар бораи мардуми меҳмондӯсту дорои фарҳанг ва тамаддуни қадимаи тоҷик зиёд шунида будам ва дар дил орзуи онро доштам, ки ҳамчун сафири кишварам дар ин малакати офтобӣ ва биҳиштосо фаъолияти дипломатӣ дошта бошам. Вобаста ба он, ки ҳоло дар рӯ ба рӯи шумо ба ҳайси Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон нишаста, сӯҳбат менамоям, хеле хушҳолам».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!