Бахшҳо

ВВС: Мо бовар надорем, ки хабарнигорамон узви «Ҳизб-ут-таҳрир» бошад

Мудирияти кулли идораи «Би-Би-Сӣ» дар Лондон аз боздошти хабарнигораш дар шимоли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар номае, ки унвонии ВАО ва дигар мақомоти зирабт расидааст, аз ҷумла гуфта мешавад, Ӯрунбой Усмонов тайи даҳ соли ахир барои Хадамоти Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ гузориш таҳия мекард ва мо хостори озодии ҳар чӣ зудтари ӯ ҳастем.Зимнан, гуфта мешавад, мо бовар надорем, ки Усмонов узви «Ҳизб-ут-Таҳрир» бошад, дар ҳоле ки ӯ бо хоҳиши идора дар бораи муҳокимаи додгоҳии аъзоёни ин ташкилоти сиёсии мамнӯшуда гузоришу хабарҳо таҳия мекард.   Бино ба хабари аҳли хонаводааш, ҷаноби Усмонов, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.
Бояд гуфт, зӯҳри дирӯз ҳам сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз тақдири хабарнигори боздоштшудаи ВВС дар шимоли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфта буд, мо аз хабари боздошт ва гирифтори муомилаи дурушт гаштани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори BBC дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар рӯзи 14 июн бо ҷурми  аъзогӣ ба созмони Ҳизбут-таҳрир изҳори нигаронӣ менамоем. Мо аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват намудем, ки ҳар чӣ тезтар ба ин масъала рушанӣ андозанд. Дар номаи сафорат ҳамчунин омадааст, Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии  васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон таъид менамоянд.
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд  Усмонов  Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.





Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)