Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Вазорати энергетика ва саноат дар ҷустуҷӯи кадрҳои муосир

1 ноябр 2012, 12:01

«Модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди инноватсионии соҳаҳо».

Таҳти чунин унвон рӯзҳои 2 ва 3-юми ноябри соли равон дар Душанбе конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш қабл аз ҳама  тайёр ва омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои энергетика ва саноат, инчунин пайдо намудани усул, метод ва модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди иноватсионии соҳаҳо дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ мебошад.

Дар кори конфронс шарикони ҳамкор аз Федератсияи Русия (шаҳрҳои Иваново, Варонеж, Москва) ИМА ва Ҷумҳурии Олмон ширкат менамоянд.

Гуфта мешавад, ин нишаст дар доираи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар самти тайёр кардани мутахассисон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!