Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:28

Суғд: Кашфу мусодираи 90 килограмм маводи мухаддир

1 ноябр 2012, 04:35

Ин миқдор нашъа шоми рӯзи гузашта, 31-уми октябр дар шимоли кишвар аз як шаҳрванд мусодира гардид.

Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилоят иттилоъ доданд, аснои    дар баргузории як амалиёти вижа аз ҷониби кормандони милиса дар ҳудуди  шаҳри Хуҷанд сокини 39-солаи вилоят- А.М бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа дастгир шуд: «Аз боздоштшуда ба микдори 59 кг 509 грамм ҳашиш ёфт ва мусодира карда шуд».

Ҳамчунин, дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷуӣ, дар шаҳри Чкаловск сокини 41-солаи вилояти Хатлон С.М. дар ҳамдастӣ бо А.М дастгир карда шуда, аз ӯ ба миқдори  30 килою 502 грамм маводи мухаддир мусодира гардид. Вазни умумии маводи боздоштшуда 90 килою 21 граммро ташкил медиҳад.
Алъон, дар робита ба ин ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!