Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:12

Даъват ба артиш. Нақша 71 фоиз иҷро шуд

1 ноябр 2012, 05:20

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ба он   ҷавонони синну соли аз 18 то 27 сола ҷалб карда мешаванд, аллакай як моҳ сипарӣ шуд.

Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, айни замон 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст: «Ин маърака  дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Бо гузашти як моҳ ноҳияи Мурғоби ВМКБ аввалин шуда аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон гузориш дод. Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии Бадахшон- 91,3%, ҳамчунин дар ин минтақа шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рошқалъа аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд».

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд бошад, иҷрои нақша 68,5%-ро ташкил медиҳад ва дар ин минтақа шаҳри Чкаловск ва ноҳияи Шаҳристон пурра аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд. Вилояти Хатлон  77,5%-и  нақшаро иҷро кардааст ва дар ин минтақа шаҳрҳои Қурғонтеппа, Норак ва ноҳияи Носири Хусрав нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Хамзамон, дар навоҳии тобеъи марказ бошад, нишондоди даъват ба 65% баробар буда, Варзоб ва Тавилдара нақшаро иҷро кардаанд. Дар чор ноҳияи пойтахт   иҷрои нақша ба 65 дарсад расидааст. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр, яъне тайи ду моҳ идома мекунад.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!