Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:27

ТВ «Пойтахт» ба телевизионҳои асри 21 мутобиқ мешавад

1 ноябр 2012, 06:15

Аз субҳи имрӯз, 1-уми ноябр шабакаи телевизионии «Пойтахт» ба пахши барномаҳои шабонарӯзи гузашт.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори тозатаъинтихоби ин шабака ба  Озодагон гуфт, алъон бештар аз 40 нафар мутахассиони қавӣ ба кор ҷалб шудаанд ва ин тасмим ба таври марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.

Номбурда иброз дошт, ки фаъолият ва пахши барномаҳои ин шабака умуман дигар мешавад: «Мутобиқ ба телевизиони қарни 21, се омили асосӣ-иттилоот, фароғат ва маънавиёт, ки ҳоло телевизионҳои ҷаҳон аз рӯи ҳамин омилҳо фаъолият мебаранд, «Пойтахт»-ро  низ ҳамин гуна роҳандозӣ мекунем».  

Манбаъ мегӯяд, формати телевизиони «Пойтахт» дигар шуда, зимни гузаштан ба пахши шабонарӯзӣ  барномаҳои қаблӣ такрор намешаванд, балки барномаҳои наву тоза пахш мегарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!