Шаби гузашта, 1-уми ноябр соати 1:00 ба вақти Арабистони Саудӣ нахустин парвози хоҷиёни тоҷик ба самти Ҷидда-Душанбе сурат гирифт, ки субҳи имрӯз аввалин гурӯҳи зоирин вориди Душанбе шуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи дин миёни 182 ҳоҷӣ ҳашт нафари он, аз ҷумла Наргиза Ахмедова, зодаи ноҳияи Панҷакент ва Сулаймонов М, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба бемории вазнин гирифтор шудаанд.
Торномаи кумитаи мазку аз қавли сардухтури ҳайати табибони ситоди ҳаҷ- 2012 Расул Назиров овардаст, ки дирӯз 31-уми октябр ҳоҷи Абдуллоев Ҷ, зодаи шаҳри Турсунзода дар натиҷаи хуруҷи бемории дил аз дунё даргузашт.
Гуфта мешавад, Абдуллоев пештар аз бемории дил азият мекашидааст. Маросими ҷанозаи марҳум дар масҷиди «Ҳарам»-и Арабистони Саудӣ бо иштироки намояндаҳои Тоҷикистон ва ҳазорон нафар намозгузор барпо гардид.
Манбаъ илова намудааст, ки бозгашти ҳоҷиён ба Тоҷикистон то нимаи дуюми моҳи ноябр идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр