Бахшҳо

Тарозуҳои истеҳсоли чинӣ муштариёнро фиреб мекунанд

Дар шимоли Тоҷикистон тарозуҳои ғайристандартӣ мусодира гардиданд.

Тибқи иттилои масъулини агентии Тоҷиктсандартзимни гузаронидани як санҷиш дар бозори «Панҷшабе»-и шаҳри Хуҷанд,  50 адад тарозуҳои ғайристандартии истеҳсоли Хитойро аз муомилот гирифтанд. Бино ба қавли манбаъ, ҳақиқатан ин воситаи ченак ба талаботҳои муқараршуда ҷавобгӯ набуда, ҳангоми хариду фурӯш вазни маҳсулот аз  150 то 350  грамм фарқ мекунад. Вале мутаасифона, аксари харидорон аз ин амали номатлуби фурӯшандагон огоҳ нестанд.
Илҳомҷон Ҳакимов, сардори шӯъбаи метрологияи маркази Тоҷикстандарт ба «Озодагон» гуфт, тайи  моҳи соли равон дар  бозорҳои вилояти Суғд  21 ҳазору 307  адад воситаҳои ченак аз санҷиш гузаронида шуданд. Ба иттиллои ӯ, аз ин миқдор  642 адад тарозу,  1506  санги тарозу,  113  метри чӯбин аз назорати давлатӣ гузаронида шудаанд. Номбурда мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз миқдори зиёди тарзуҳои ғайристандартии Хитой аз муомилот гирифта шуда бошанд ҳам, лекин аз рӯи меъёр тарозуҳои назоратӣ низ гузошта нашудаанд. Ғафурҷон Қодиров, мутахассиси шӯъбаи назорати давлатии воситаҳои ченаки ин агентӣ, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, истифодаи тарозуҳои чандирии истеҳсоли Хитой фақат барои рӯзгори хона муайяан шудаанд ва дар асоси қонун «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмокунандагон» истифодаи он дар бозорҳо қатъиян манъ аст.  Аз ҷониби дигар истеъмолкунандагон бояд ҳангоми харидорӣ намудани маҳсулот риояи қонунҳои мазкурро аз фурӯшандагон талаб намоянд ва ба истифодаи тарозуҳои ғайристандартӣ роҳ надода, ба ин васила ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд. Дар ҳамин ҳол Сокина Ашурова, як сокини пойтахт гуфтаҳои масъулинро тақвият бахшида афзуд, ки « ҳисоб накардам, лекин чанд маротиба аз бозор картошка харида дар хона ба тарозуи худамон вазнашро мекашем, камӣ мекунад, тарозуҳои назоратӣ низ дар гӯшаи бозорҳо низ он қадар ба назар намерасад»  
Мурод Ашӯров аз маркази матбуотии агентии мазкур ба мо иттилоъ дод, ки таъмини бозорҳо ба тарозуҳои стандартӣ вазифаи асосии роҳбарони бозорҳо мебошад. Ӯ мегӯяд асосан дар бозорҳо фурӯшандаҳо бояд аз тарозуҳои «паллагӣ» ва «электронӣ» истифода баранд. Номбурда афзуд, ба Тоҷикистон ғайр аз Хитой асосан аз Эрон ва Русия тарозу ворид мешавад. Тибқи иттилои ӯ, имсол аз ҷумҳурии исломии Эрон  1500 адад тарозуи «паллагӣ» вориди кишвар гардид. Ӯ мегӯяд, борҳо бо чунин қонуншиканиҳо масъулини бозорҳоро ҷарима бастаанд, вале то ҳол ин раванд, яъне истифода аз тарозуҳои чандирии хитоӣ аз ҷониби бархе фурӯшандаҳо идома дорад.  


{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)