Бахшҳо

2 сол боз тарҳи қонун дар бораи муҳоҷират дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад

Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» меъёре пешниҳод карда шавад, ки сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа  бояд дар асоси роҳхати Хадамоти муҳоҷират  амалӣ карда шавад.

Тавре ба Озодагон аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, 1-уми ноябр тарҳи қонун «Дар бораи муҳоҷиратӣ меҳнатӣ» бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ баррасӣ гардид. Сафиало Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират зимни баромадаш дар ин нишаст дар бораи раванди муҳоҷират дар ҷаҳон, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, забономӯзию касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷа, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа, тақвияти омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, дуруст ба роҳ мондани системаи забономӯзию касбомӯзӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва такмил додани қонуни мукаммал, ки фарогирандаи тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, таъкид намуд.

Ба гуфти ӯ, муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз  дар ҷаҳон ҳамчун проблема не, балки як раванди оддӣ мебошад, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.Сафиалло Девонаев аз тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва дигар коршиносону мутахассисони соҳа даъват ба амад овард, ки дар қабули қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» саҳмгузор ва ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.
Бояд гуфт, лоиҳаи қонуни «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» 2 сол боз инҷониб дар ҳоли  баррасӣ қарор дорад, ки ахиран ба дарозо кашидани баррасии ин лоиҳа боиси нигаронии бархе аз соҳибназарон гардид.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива плюс»  дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон аз ба таъхиргузории ин қонун изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар гуна қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони хуб бошад, онро давоми 3-4 моҳ омода кардан мумкин. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, азбаски ӯ дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур аъзои гурӯҳи корӣ нест, бино бар ин сабаби аслии то ин дараҷа ба дарозо кашидани қабули онро намедонад.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, хоҳиши онро дорад, ки  лоиҳаи мазкур ҳар чӣ зудтар қабул гардад: «Вақте мо дар ҷаласаи Швейсария будем он ҷо низ ҳамин масъала бардошта шуд, он ҷо низ пурсон шуданд, ки чаро ин дер қабул шуда истодааст. Масалан, ҳар  қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони касбӣ бошад имкони зуд қабул кардани он вуҷуд дорад . Ҳоло он ки инҳо референдум накарданд, масалан аз мардум чизе напурсиданд, ки барои ҷамъ кардани он дер шавад. Фикр мекунам, хеле дер шуда истодааст ва хуб мешавад ҳар чӣ зудтар қонуни мазкур қабул гардад».

Бояд зикр намуд, тарҳи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, феълан миёни аъзоёни гуруҳи корӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)