Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:49

Болоравии нархи бодиринг. Зиёда аз 5 маротиба

2 ноябр 2012, 07:00

Таи се моҳи соли равон нархи сабзавот дар бозорҳои пойтахт хеле зиёд шуда аст. Аз ҷумла, бодиринг зиёда аз 5 маротиба қимат шуда, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як килои он 8 сомонӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, моҳи  августи соли равон дар нуқтаҳои савдо як кило бодиринг бо нархи 1 сомонию 50 дирам фӯрухта мешуд. Ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта зиёда аз ду маротиба қимат мебошад. 2 ноябри соли 2011 нархи як кило бодринг дар бозорҳои кишвар 3 сомонию 30 дирамро ташкил медод.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки дар он як кило бодиринг ба нархи 8 сомонию 30 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии  бозорҳои  «Саховат» ва «Варзоб» ба 8 сомонӣ баробар мебошад.

Манбаъ  афзуд, ки аз аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори  "Шоҳмансур"  мушоҳида карда шуд, ки бо нархи  7 сомонию 50 дирам ба фӯруш гузошта шудааст.
Феълан дар  бозорҳои кишвар нарҳи памидор 28%, биринҷ 30% ва гӯшти гову гӯсфанд 40% боло рафтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!