Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

«Ороиш» ва «Агроимпекс» ба фаъолият шурўъ намуданд

2 ноябр 2012, 09:22

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 2 корхонаи нав-«Ороиш» ва  «Агроимпекс» бо ҷалби сармояи дохилӣ ба фаъолияти озмоишӣ шурӯъ карданд.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки  «Ороиш» корхонаи хурди истеҳсоли хокаи молиданӣ ва гаҷи сохтмонӣ буда, иқтидори истеҳсолии он 1300 тонна гаҷ ва хокаи молиданиро дар як сол ташкил менамояд: « Айни замон 11 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии корхона зиёд ва шумораи коргарон ба 18 нафар расонда мешавад. Музди миёнаи маош 800 сомонӣ мебошад».

Манбаъ мегӯяд, «Агроимпекс» корхонаи хурди истеҳсоли қуму шағал буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 15 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад дар корхона 10 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст. Дар оянда истеҳсоли тахтасангҳои роҳравӣ ва блокҳои сементӣ дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Вазорати энергетика ва саноат сохтмони чунин корхонаҳо бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015»  роҳандозӣ шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!