Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Конститутсия

2 ноябр 2012, 10:33

Имрӯз,2-юми ноябр дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин нишаст муҳокимаи мавзуҳои мухталиф, аз қабили ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодии инсон тибқи конститутсия, конститутсияи Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ, асосҳои конститутсионии ҳуқуқ ва рақобат, кафолати конститутсионии фаъолияти соҳибкории хориҷӣ дар Тоҷикистон  ва ғайра сурат гирифт.

Бояд зикр намуд, ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин силсилачорабиниҳои гуногун бо иштироки коршиносону ҳуқуқшиносон дар кишвар идома дорад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!