Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

«Бадахшон» тими «Душанбе-2»-ро мағлуб кард. Навбат ба «Душанбе-1»?

3 ноябр 2012, 06:25

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намуди варзиши тӯби дастӣ (ҳандбол) дар Кӯлоб идома дорад.

Тавре Саид Маҳмудов, муовини президенти Федератсияи ҳандболи кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, ин мусобиқа барои боз ҳам рушд кардани ин намуди варзиш дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин чорабинии варзишӣ 6 даста, як тим аз ВМКБ бо номи «Бадахшон», ду даста аз шаҳри Душанбе («Душанбе-1» ва «Душанбе-2») ва се даста аз вилояти Хатлон («Хатлон», «Кӯлоб» ва «Қӯрғонтеппа») иштирок доранд.

Гуфта мешавад, дирӯз дастаҳои Бадахшон ва Душанбе-2 миёни ҳам рақобат намуданд, ки ин бозӣ бо пирӯзии бадахшониҳо анҷом ёфт. Дастаи «Кӯлоб» аз «Душнбе-1» шикаст хӯрд, «Хатлон» бар тими «Душанбе-2» ғолиб омад.   дастаҳои Ҳоло дастаҳои «Душанбе-1» ва «Бадахшон» миёни ҳам қувваозмоӣ доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!