Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳомид Карзай пуштибонӣ мекунад

Баъд аз зӯҳри дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон аз Остона ба Душанбе баргашт.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд,рўзҳои 14 ва 15 июн сарвари Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон  қарор дошт. Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай тибқи муқаррароти расмӣ, бо аксбардории умумӣ, нишасти хосаи сарони давлатҳои аъзо, нишасти васеъ бо ҳамроҳшавии сарони давлатҳои нозир, шарикони муколама, меҳмонон ва намояндагони созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла гуфт, солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бўҳрони ҷаҳонии молиявию, иқтисодӣ, болоравии нархи  озуқаворию маводи сўхт ва офатҳои шадиди табию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав – хатари иттилоотӣ – идеологӣ рў ба рў омадааст, ки бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҳамбастагии амиқ дорад. Эмомалӣ Раҳмон муроҷиати президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро доир ба пазируфтани Афғонистон чун давлати нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай дастгирӣ намуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти даҳсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки минбаъд бояд ҳамгироии сохторҳои поёнӣ низ тақвият ёбад. Ба андешаи ӯ, дар марҳилаи нави фаъолияти созмон мақоми калидӣ бояд ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дода шавад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии созмон бояд фаъолияти худро бо нерўи тоза такон бахшанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барои дастрасии муваффақона ба ин ҳадаф, бояд монеаҳои сунъӣ ва мушкилоти сарҳадию нақлиётӣ, ки садди роҳи рушди босуръати иқтисодӣ мешаванд, бартараф гарданд. «Сухан аз боби зарурати рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, ташкили шабакаҳои байниқитъавии нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳан аст», таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Изҳори боварӣ карда шуд, Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ мавқеъ ва мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, ба нафъи таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва болобарии сатҳи рифоҳи мардумони минтақа хизмат мекунад. Дар охири ҷаласа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай,  қарорҳои Шўрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддири СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва барномаи иҷрои он, Тафоҳумномаи намунавӣ оид ба ӯҳдадориҳои давлати аризадиҳанда барои шомил шудан ба узвияти СҲШ ва чанд санади дигар ба имзо расид.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)