Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Мулоқоти зиддимухаддиротӣ дар ноҳияи Рушон

5 ноябр 2012, 05:58

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо хонандагон, муаллимон ва падарону модарон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 17-и ноҳияи Рушони ВМКБ мулоқот анҷом доданд.

Бобоҷон Шафиев, сухангӯи агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин чорабинӣ Саъдулло Раҳматуллоев, корманди агентӣ дар бораи қонунгузории Тоҷикистон оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва оқибатҳои истеъмоли воситаҳои нашъаовар, ҳамчунин ҷавобгарии ҷиноӣ барои паҳн намудани он сухан ронд.

Бино ба иттилои манбаъ, масъулини агентӣ аз ширкаткунандагон даъват кардаанд, ки барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи маълумотнокии аҳолии ноҳия дар мавриди таъсири ҳалокатбори маводи мухаддир ва таблиғоти тарзи зиндагии солим ҳамкорӣ кунанд.

Беш аз як моҳ мешавад, ки гурӯҳи калони кормандону мутахассисони ин агентӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ ба сар мебаранд, то дар канори таҳкими мубориза бо маводи мухаддир дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» ба аҳолӣ дидору мулоқот намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!