Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

166 миллион доллар бештар шудани гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон

5 ноябр 2012, 06:10

Тайи 9 моҳи соли равон табодули амволи ин ду кишвар беш аз 483 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 166,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Тавре ба Озодагон аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  иттилоъ доданд, зимни як нишасти муштарак дар Душанбе  ҷонибҳо омодагии хешро барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур  Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Қазоқистонро Нурлан Капаров, вазири ҳифзи муҳити зисти ин кишвар роҳбарӣ карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин нишаст масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, сайёҳӣ, варзиш ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!