Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Ҳалокати як нафар дар нақби «Шаҳристон»

5 ноябр 2012, 06:29

Дар ин бора Мањмадшариф Шамсов масъули шўъбаи ташвиќоту тарѓиботи РБДА  ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Ба иттиллои манбаъ, рўзи 3-юми ноябр, тахминан соати 07:50, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Ваз 21099» Шомурод Собирови 25-сола, аснои ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби шаҳри Ваҳдат дар километри 14-ум, дар ҳудуди  рустои Мавлавӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард, Ҳайдар Расулови 77-соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардошта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Сарчашмаи хабар афзуд, худи ҳамон шаб тахминан соати 02:00 сарнишини сабукрави тамғаи «Опел астра»  Абдуҳафиз Абдураҳимови 34-сола, аснои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок, дар дохили нақби «Шаҳристон» аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашгинаи боркаши тамғаи «СТАР», ки дар канори роҳ истода буд, бармехурад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи сабукрав ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта бистарӣ мегардад ва мусофири он- Қаҳрамон Орипови 21-сола аснои муоинаи табибон ба ҳалокат мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!