Бахшҳо

«Боғи сабзи падар». Китоби нави адиби тоҷик

Чанде қабл  нашриёти "Андеша" дар шаҳри Хуҷанд асари тозаи нависанда ва адиби хушсалиқаи тоҷик  Шоҳмирзо Хоҷамуҳаммадро бо теъдоди 235 саҳфа таҳти унвони "Боғи сабзи падар"  ба чоп расонд.

Асари мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои сутудаи Муҳаммадамин Шарифов - яке аз симоҳои матраҳи соҳаи маориф ва фаъоли ҷамъиятӣ ҳикоят мекунад. Қаҳрамони ин китоб дар ҳар ду ноҳияи Масчоҳ – ҳам кўҳна ва ҳам нав солҳои сол дар хизмати мардум буд ва нависанда кӯшидааст дар пешорӯи хонанда симои ин зиёии пешқадам, хайрхоҳ, ботадбир, саховатманд, аҳли салоҳ ва дар маҷмўъ инсони намунаро муҷассам созад.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзўъоти фарҳангию иҷтимоъӣ менависад ва низ тасвири зиндагии мардони шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст. Номбурда тӯли фаъолияти тӯлонӣ дар матбуот дар чандин нашрияи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ – “Машъал” - и ноҳияи Мастчоҳ (мудири шўъбаи маънавиёт), маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, Садо ва Симои ҷумҳурии Тоҷикистон, нашрияи “Ориён” ва қабл аз нафақа муҳаррири нашрияи “Паёми дӯст” дар Масчоҳ буд.

То кунун аз ин муҳаққиқ ва нависанда китобҳои зерин мунташир шудаанд: “Сурмаи дил”(Хуҷанд, 1997, ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур), “Қасидаи ҷавонмардӣ” (Хуҷанд, 1998), “Ахтари зулматсӯз” (Хуҷанд, 2000), “Гулшани дилҳо” (Хуҷанд, 2001), “Гаҳвораи заррин” (Хуҷанд, 2012).“Боғи сабзи падар”  китоби тозаи муаллиф мебошад, ки мучассамгари инсони намуна ва боғест, ки хонандаро ба сўи маънавият ва инсоният ҳидоят мекунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)