Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Таваррум ба 5,6 фоиз, афзоиши ММД ба 7,5 дарсад баробар шуд

5 ноябр 2012, 11:35

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Масъуд Аҳмад, директори департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои маркази матбуотии райисҷумҳур дар мулоқот масоили ҳамкории   Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

Зимни ин мулоқот аз нишондодҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон изҳори хушнудӣ шудааст, зеро ба қавли манбаъ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 7,5 фоиз ва таваррум ба 5,6 фоиз расидааст. Қайд гардид, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии мушкилоти минтақавӣ, Барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи механизми васеи қарзӣ бомуваффақият ба итмом расид.

Гуфта мешавад, бо таҳия ва қабули барномаи нав ва идомаи ҳамкории танготанг ҳар ду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА дар соҳаи макроиқтисодӣ, фискалӣ ва пулӣ, инчунин амалӣ намудани дигаргуниҳои сохтории пешбинишуда, ки ба рушди мӯътадили иқтисоди кишвар дар давраи мушкилоти афзояндаи ҷаҳонию минтақавӣ нигаронда шудаанд, бояд идома ёбад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст ҳамчунин доир ба роҳҳои таъмини амнияти энергетикию озуқавории Тоҷикистон ва беҳсозии тадриҷии некӯаҳволии мардуми кишвар ва ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!