Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Камбуди барқ талабот ба ангиштро зиёд кард

7 ноябр 2012, 05:08

Корхонаҳои соҳаи ангишти Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли равон истихроҷи ангиштро ба беш аз 371 ҳазор тонна расонидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки фурӯши ангишт имсол  нисбатан зиёд шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, фурўши ангишт бо назардошти бақияи солҳои пешин дар якҷоягӣ бо воридот дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 180,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон афзоиши фурӯши ангиштро ба сард омадани тирамоҳу-зимистони солҳои 2011-2012 ва зиёд гардидани талаботи корхонаҳои саноатӣ рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурўш зиёда аз 34 ҳазор тоннаро ташкил дода, муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангиштро харидорӣ намоянд.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз медоранд, ки қимати як тонна ангишти конҳои бози Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 150 сомонӣ ё 31 доллар ва аз конҳои зеризаминӣ 254 сомонӣ ё каме баштар аз 52 доллар аст.

Ин дар ҳолест, ки  бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, онҳо тавони харидории ангиштро надоранд, зеро нархи он назар ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст. Ба қавли бархе аз ҳамсӯҳбатонамон  дар сурати интиқоли 2-3 тонна  ангишт аз маҳалли фурӯш ба маҳалли зист қимати он ду баробар зиёд мешавад.

Фирдавс ном як ҳамсӯҳбати мо илова намуд, ки онҳо киллои ангиштро   бо арзиши як сомонӣ дастрас менамоянд. Яъне ба қавли Фирдавс як тонна ангишт 1000 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст, ки набудни барқ дар хонаҳои бархе сокинон талаботи муштариёнро ба ин навъи сӯзишворӣ зиёд намудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!